Дар Тоҷикистон машқҳои муштараки «Рубеж-2022» баргузор мегарданд
Аз 10 то 21 октябр дар Тоҷикистон бо иштироки Неруҳои дастҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ машқҳои муштараки «Рубеж-2022» баргузор мегарданд. Дар ин бора сомонаи расмии СААД иттилоъ медиҳад.
Мавзӯи машқҳо «Омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби НДЗ МОМ барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави кишварҳои узви СААД ворид шудаанд», мебошад.
Марҳилаи фаъоли тамринот дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» аз 17 то 21 октябр доир мегардад.
«Дар тамринҳо ҳайати низомии кишварҳои узви минтақаи Осиёи Марказии СААД, гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва Котиботи СААД ширкат мекунанд»,-гуфта мешавад дар иттилоияи СААД.
Дар назар аст, ки теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафарро ташкил дода, беш аз 300 воҳиди техникаи низомӣ ва вижа, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб гарданд.
Вазифаҳои асосии Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат дар рафъи таҷовузи ҳарбии берунӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ маҳсуб мешаванд.
Иҷрои вазифаҳои мазкур дар шакли иҷрои нақшаи ягона ва амалиёти муштараки низомию махсус, амалиёти ҷангии Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.