Мунтахабҳои Эрону Уэлс ва Эквадор бо Ҷоми ҷаҳони Қатар хайру хуш карданд
Дар доираи дидорҳои ҷолиби Ҷоми Ҷаҳони Қатар сабқати марҳилаи сеюми гурӯҳҳо сурат гирифтанд.Дастаи мунтахаби Эрон пас аз мағлуб шудан аз ИМА бо ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ видоъ кард.
Рақобати мазкур дар варзишгоҳи «Эл Тумама» дар Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи ИМА анҷом ёфт.Ягона голи дидорро Пулишич дар дақиқаи 38-уми нимаи аввали дидор ба самар расонид.
Бозии ҷолиби дигари гурӯҳи «В» сабқати мунтахабҳои Уэлс ва Англия буд, ки мунтахаби Уэлс низ, пас аз шикаст хурдан аз тими Англия бо ҳисоби 0 бар 3 бо Ҷоми Ҷаҳон падруд гуфт.
Аз ин гурӯҳ ба марҳилаи 1/8-финали Ҷоми ҷаҳони футбол дастаҳои мунтахаби Англия ва ИМА роҳ ёфтанд.
Мунтахаби Эрон ҳеҷ гоҳ то ба марҳалаи 1/8-финали Ҷоми ҷаҳони футбол нарасидааст. Дар дидори соли 1998 Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буданд, аммо ҳарду даста то ҳол аз гурӯҳ ба марҳилаи плей офф набаромаданд.
Дидорҳои ҷолиби дигари ин давр сабқати мунтахабҳои Ҳолланду Қатар ва Эквадору Сенегал ба шумо рафтанд, ки Ҳолланд ва Сенегал пас аз пирӯзӣ ба даст овардан ба рақибони хеш роҳи худро ба марҳилаи баъдӣ ҳамвор сохтанд.