Дар Тошканд қонунгузории истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва рушди комплекси кӯҳӣ-геологии Тоҷикистон баррасӣ шуд

13-14 декабр дар шаҳри Тошканд Анҷуман ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

Дар рӯзи дуюм дар ҷаласаи пленарии Анҷумани мазкур сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар мавзӯи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва рушди комплекси кӯҳӣ-геологии Тоҷикистон» маъруза намуд.

Зимни маъруза, аз ҷумла зикр гардид, ки «мушкилии бо манбаъҳои ашёи хоми минералӣ таъмин намудани иқтисодиёт сол то сол душвор гардида, ба манфиатҳои қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон дахл дорад. Ин, пеш аз ҳама, ба кам шудани захираҳои бой ва аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ нисбатан дастраси ашёи хоми минералӣ, ноустувории воридоти он аз давлатҳои соҳиби сарватҳои зеризаминӣ ба мамлакатҳои истеъмолкунанда вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бо мурури замон заминаи қонунгузориро такмил медиҳад.

Татбиқи сиёсати давлатӣ ва танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Кодекси андоз, Қонун «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи шартномаҳои тақсими маҳсулот», Қонун «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Қонун «Дар бораи консессияҳо» ва ғайра амалӣ мешавад».

Баъдан Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ҳозирини Анҷуман шарҳи тағйироту иловаҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо, ки ба беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъдан равона шудаанд, пешниҳод намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE