Муаррифии имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон

19 январи соли 2023 дар ш. Остона вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо раиси Идораи ҶС «Ширкати суғуртавӣ-содиротӣ «KazakhExport» Аслан Калигазин баргузор гардид.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон инчунин логистика баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE