Гӯштингирони тоҷик дар Узбекистон сазовори ду медали тилло шуданд
Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасони U-15 ду медали тилло ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусобиқаи мазкур 10-11 феврал дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд ва дар он варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.
Аз ҷумла, Муними Мурод дар вазни 44 кг ва Амирҷон Обидов дар вазни 52 кг сазовори ҷойҳои якум, Ғаниҷони Шероз дар вазни 68 кг ва Боймуҳаммад Нортоҷев дар вазни 48 кг соҳиби ҷойҳои 3-юм гардиданд.