Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
17 март, соати 9:00 Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба муҷаҳҳаз намудани инфрасохтори партовгоҳҳо, қабули саривақтӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ, иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» баррасӣ мегардад.
Ҳамзамон дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21, таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №21, таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳокима карда мешавад.
Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шудааст. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 14 марти соли 2023 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.