Сел дар ноҳияи Панҷ. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда зарари расидаро муайян мекунанд

Соати 01:30 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 4 – уми апрели соли 2023 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сели азим омад ва таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кард. Дар ин хусус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводае, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод. 

Барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Сулаймон Исозода ба ноҳияи Панҷ рафт.

Дар минтақаи офат Комиссияи вилояти ҳолатҳои фавқулодда таҳти сарварии  раиси вилоят Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.

Қувваҳои лозимӣ барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фиристода шудааст.

Дар айни замон корҳои барқарорсозии харобиҳои сел оғоз шудаанд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.  

Дар натиҷаи офат ҳалокати одамон ва харобиҳои дигар ба қайд гирифта нашудааст. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE