КҲФ: аз борону селҳо ва ярчу тармаи рӯзҳои оянда эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 18-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боридани боронҳои шадид ва раъду барқ имконпазир аст.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар ба истиснои ВМКБ, эҳтимоли ногаҳон боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷанубӣ) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест. 
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз сафарҳо ба соҳили дарёву обанборҳо ва кӯлҳо худдорӣ кунанд. Ҳамчунин ба таъхир андохтани сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ тавсия дода мешавад.  
Ҳамчунин, Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёт кунанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳову даштҳо барои ҷамъоварии занбурӯғ, алафу гиёҳҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор, молчаронӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.  
Ғайр аз ин Кумита ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯву селроҳаҳо, соҳили рӯдхонаҳо, каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то оби зиёд ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва ба хонаҳои мардум ва майдонҳои кишт зарар нарасонад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE