Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳҳои мевахушккунӣ ва қаннодии ҶДММ «Оби Ховалинг»-ро ифтитоҳ намуданд

20 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои мевахушккунӣ ва қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан карданд.

Нахуст, Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи мевахушккунӣ шинос шуда, ба сифати маҳсулоти ниҳоии он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мевахушккунӣ ба хотири коркарди маҳсулоти кишоварзии худӣ ва мутобиқ ба талабот басту банд намудани чунин маҳсулот бунёд гардида, барои рушд додани бахши агросаноатӣ дар минтақа мусоидат хоҳад намуд.

Коргоҳи навтаъсис имконият дорад, ки тамоми намуди мевагиро коркарду хушк намуда, дар доираи талаботи байналмилалӣ басту банд намояд. Маҳсулоти ниҳоии он бо тамғаи «Меваҳои Ховалинг» омода гашта, ба бозорҳо пешниҳод карда мешавад.

Дар як шабонарӯз корхонаи мазкур қудрат дорад, ки то 4 тонна маҳсулотро коркард ва барои фурӯш омода созад.

Дар корхона коркарду хушккунии себ, олу, зардолу, тут, гелос, нок ва дигар номгӯи мева роҳандозӣ гардида, ҳамчунин бо дарназардошти талаботи мизоҷон коргоҳи мазкур имконият дорад, ки гӯштро хушк намуда, ба хоҳишмандон пешниҳод намояд.

Дар Коргоҳи мевахушккунии «Меваҳои Ховалинг» хатҳои муосири истеҳсолӣ насб шуда, сифати баланди маҳсулоти ниҳоиро таъмин менамоянд. Ҳамчунин басту банди меваҳои хушккардашуда низ дар дохили коргоҳ бо намову шакли зебову бозоргир роҳандозӣ гардидааст, ки ба ин васила содироти он қулай ва мувофиқи талабот мебошад. Дар навбати аввал маҳсулоти «Меваҳои Ховалинг» дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, минбаъд имконият аст, ки содироти он ба дигар давлатҳо низ роҳандозӣ карда шавад, зеро истеҳсолот дар ин коргоҳ бо тамоми талаботи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, харидорон низ дар бозорҳои хориҷи мамлакат ба меваҳои аълосифати Тоҷикистон хеле зиёд аст.

Феълан коргоҳи мазкур меваро барои коркард кардан аз хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия ва минтақаи Кӯлоб дастрас менамояд. Пас аз боровар гардидани боғҳои худи ҷамъият, ки дар онҳо дарахтони себ, нок, чормағз ва зардолу шинонида шудааст, эҳтиёҷоти коргоҳ аз ҳамин ҳисоб қонеъ мегардад.

Дар Корхонаи мевахушккунии «Меваҳои Ховалинг» 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи қаннодӣ шинос шуданд, ки дар он барои таъмини аҳолӣ истеҳсоли маҳсулоти аълосифату хуштамъ ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур айни замон истеҳсоли наздик ба 30 номгӯи маҳсулотро роҳандозӣ намудааст, ки он барои харидорони минтақаи Кӯлоб ва сокинони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод карда мешавад.

Дар корхонаи мазкур хатҳои муосири истеҳсолӣ насб гардида, он имконият дорад, ки дар як шабонарӯз беш аз 5 тонна ордро коркард ва навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намояд.

Пас аз курсҳои бозомӯзӣ дар корхонаи мазкур 20 нафар, ки қисми бештарашонро занон ташкил медиҳанд, бо ҷои кор таъмин гардиданд ва дар маҷмӯъ дар ин ду корхонаи навтаъсис 40 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби кор шуданд.

Коргоҳи қаннодӣ ба мизоҷон маҳсулоти баландсифати навъҳои гуногуни кулчақандҳо, шириниҳо бо тамъу лаззати махсус ва маҳсулоти нонӣ пешниҳод месозад ва ҳамчунин имконият дорад, ки фармоиши мизоҷонро қабул намояд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти корхонаҳои мазкур баҳои баланд дода, иқдоми ҷамъиятро дар роҳи васеъсозии истеҳсолот шоистаи таҳсин хонданд.

Бояд гуфт, ки коргоҳҳои мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» бунёд гардида, бо ифтитоҳи ин ду иншоот шумораи корхонаҳои ҷамъият дар ноҳия ба 6 адад расид.

Коргоҳҳои саноатии ҷамъият ба истеҳсоли обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодӣ, макарон, меваҳои хушк, банду басти асал ва гиёҳҳои шифобахш машғул буда, нақши онҳо дар таъмини бозорҳои ноҳия ва минтақа бо ин номгӯи маҳсулот назаррас мебошад.

Дар саҳни корхонаҳои нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар ин тадбир асосан асали банду бастгардида дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг», навъҳои гуногуни мевагӣ аз боғҳои ҳудуди ноҳия ва маҳсулоти донагӣ ба намоиш гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки айни замон ҷамъият мувофиқи завқу хоҳиши мизоҷон банду басти асалро роҳандозӣ намудааст ва маҳсулоти ниҳоии худро ба бозорҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш мебарорад. Корхона иқтидор дорад, ки то 30 тонна асалро бо шаклу намуди зебо коркард ва банду баст намуда, дар зарфҳои ғунҷоишашон гуногун пешниҳоди мизоҷон намояд.

Дар маҷмӯъ иқлими ноҳияи Ховалинг барои парвариши занбури асал мувофиқу муносиб буда, дар соли 2022 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳия 74,5 тонна асали аълосифат истеҳсол гардидааст. Феълан дар ноҳияи Ховалинг 4362 оилаи занбури асал парвариш карда мешавад.

Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар масоҳати 3291 гектар боғ бунёд гардидааст, ки 2084 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Соли гузашта аз боғҳои ҳосилдиҳандаи ноҳия 5820 тонна навъҳои гуногуни мева ҷамъоварӣ гардид, ки имсол тибқи дурнамо ин нишондод то ба 8600 тонна бояд расонида шавад. Ҳамчунин ба хотири рушд додани бахши боғу токпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг дар масоҳати 8 гектар замин боғи интенсивӣ низ бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ ба тарзи чашмрас беҳтар гардида, имрӯз дар заминҳои корам намудҳои гуногуни трактор, техникаи нармкунандаи байни қаторҳо, ядакҳои тракторӣ, култиватрҳо, камбайнҳои ғалладарав, дорупошакҳои тракторӣ ва даҳҳо адад дигар номгӯи таҷҳизоту техникаи соҳавӣ машғули кор мебошанд.

Аз ҷумла, дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии ноҳияи Ховалинг 261 трактор, 24 кобайни ғалладарав, 114 ядак барои трактор, 4-то дастгоҳи махсуси картошкашинонӣ ва ғайраҳо дар хизмати деҳқонону хоҷагиҳои кишоварзӣ қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбатҳои самимӣ бо деҳқонон кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ҳосили киштзорҳоро бе талафу саривақт ҷамъоварӣ намуда, истифодаи самараноки ҳар порча заминро дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE