ҶОМИ ОСИЁ-2023. Довари тоҷик Насрулло Кабиров бозии даври ниманиҳоӣ байни Эрон ва Ҷопонро ҳакамӣ менамояд

Насрулло Кабирови 38-сола, довари Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) аз Тоҷикистон довари марказии бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) оид ба футбол байни дастаҳои наврасони Эрон ва Ҷопон таъйин шуд. Дар ин хусус  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии мазкур имрӯз, 29 июн дар варзишгоҳи «Таммасат»-и шаҳри Патҳумтҳании Тайланд баргузор мешавад.

Ба Насрулло Кабиров дар хатҳо ёварони довари Федератсияи байналмилалии футбол Акмал Бӯриев аз Тоҷикистон ва Исмоилҷон Талипҷонов аз Қирғизистон кумак мерасонанд. Вазифаи довари чорумро довари Федератсияи байналмилалии футбол Аҳмад Файсал Ал-Алӣ аз Урдун иҷро мекунад. Владислав Сейтлин аз Узбекистон кори ҳайати доваронро назорат менамояд. Сардори Раёсати байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ҳамчун ҳамоҳангсози кулл дар варзишгоҳи «Таммасат» фаъолият хоҳад намуд.

Бояд гуфт, ки барои Насрулло Кабирови 38-сола ин чаҳорумин бозӣ ба ҳайси довари марказӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Таиланд байни дастаҳои наврасони то 17-сола хоҳад буд. Қаблан довари мо бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ: Ҳиндустон – Ветнам (1:1), Малайзия – Лаос (2:1) ва Ҷопон – Ҳиндустон (8:4)-ро ҳакамӣ карда, дар вохӯрии Афғонистон – Кореяи Ҷанубӣ (8:4) ва рақобати чорякниҳоӣ миёни Эрон – Яман (0:0, аз руйи пеналти – 4:2) ба ҳайси довари эҳтиётӣ адои вазифа намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE