Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистону Бонки Олмонии Рушд (KFW) ба маблағи 13,97 млн. евро шартномаи грантӣ ба имзо расонида шуд
25 август маросими баимзорасонии «Шартнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд (KFW)» баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шартномаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушди дар Осиёи Марказӣ — Андреас Шнайдер ба имзо расониданд.
Дар доираи Шартномаи мазкур 13,97 млн. евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали марҳилаи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44,1 миллион евро грант ҷалб гардидааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон