Гулнора Ҳасанзода бо ҳамоҳангсози навтаъини Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон мулоқот кард

Имрӯз вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо Ҳамоҳангсози навтаъини Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибраҳим Этхем Унал баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муҳтавои вохӯрии мазкур барои рушди соҳа, аз ҷумла мубодилаи таҷриба дар самти сиёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, барқарорсозии касбии маъюбон, ташкили назорати системаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, мониторинги рушди бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва касбомӯзӣ барои бекорон равона шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо ТИКА дар МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» синфхонаҳои компютерӣ ва синфхонаи таълимӣ “Қаннодӣ”, “Тарабхонаи таълимӣ” ва “Кафшергари газию барқӣ” сохта, бо таҷҳизотҳои муосир таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон дар ин давом китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» низ ба «Барномаи электронии низоми мониторинг» насб карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE