Фонди саудии рушд барои сохтмони НБО-и «Роғун» 100 миллион доллари ИМА қарзи боимтиёз ҷудо менамояд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон дар нишасти матбуотӣ, ки 1 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, иттилоъ дод, ки Фонди саудии рушд барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» қарзи боимтиёзи рушд ҷудо менамояд, — таъкид намуд Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон изҳор дошт, ки «лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад ва бузургтарин лоиҳа дар минтақа ба шумор меравад. Ин лоиҳаи ҳаётан муҳими рушд бо аҳамият ба масъалаи муҳити зист дар раванди рушди босуботи мамлакат тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи «сабз» саҳми бузург мегузорад».

Бояд гуфт, ки маблағе, ки барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷудо мешавад, 50 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои тақдимнамудаи ин Фондро аз оғози фаъолияти он дар Тоҷикистон (соли 2002) ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ изҳор шуд, ки ҷудо намудани маблағ таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои рушди стратегии ояндадори мамлакат инъикос менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE