Дар Душанбе доир ба натиҷаҳои 28-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш баргузор шуд

7 феврали соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенсӣ” бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) мизи мудаввар дар мавзуи “Натиҷагирии 28-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28)” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар, шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи асосии мизи мудаввари мазкур муаррифии натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва инъикоси қарорҳо мебошад.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита 3 рӯйнамо пешкаш гардиданд, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастовардаи зеррин матраҳ гардиданд:

-баррасии гуфтушунидҳо ва таъсири онҳо ба ҷараёни маблағгузории иқлимӣ;

-натиҷаҳои COP28 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд;

-натиҷаҳои фаъолияти павилиони милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-28.

Дар чорабинии мазкур директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло ва директори намояндагии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) Питер Райли иштирок ва суханронӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE