10 январ бо ташаббуси раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ба сокинони камбизоат, шахсони барҷомонда ва яккаву танҳо ба миқдори 5-халтагӣ ангишт кумак расонида шуд.
Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ин иқдом бо мақсади сарфа намудани неруи барқ дар фасли зимистон роҳандозӣ гардида, минбаъд низ ба оилаҳои ниёзманд чунин кумак расонида мешавад.
АМИТ “ХОВАР”