Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳали мушкилоти Фаластин даъват намуд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар  шаҳри Ҷидда дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар робита ба мавзуи вазъи фалокатбори Фаластин иштирок намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар  ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда,  ҷомеаи ҷаҳониро  барои анҷом додани иқдоми муассир дар ҳалли мушкилоти Фаластин ва бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа даъват даъват намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE