Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён оид ба натиҷаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, ки 9 март дар «Кохи Ваҳдат» доир гардид, ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Консерватория хабар медиҳад.
Ректори Консерватория Миралӣ Достизода иброз намуд, ки ҳар фарди ҷомеа имрӯз бояд аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат истифода бурда, барои пешгирии бегонапарастию хурофотпарастӣ кӯшиш намояд ва дар роҳи расидани ҷомеа ба давлати замонавии рушднамудаи дунявӣ ҳисса гузорад.
«Хурофот хатаре аст, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад»,-иқтибос овард суханони Пешвои миллатро ректори Консерватория.
Инчунин иброз гардид, ки мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хурофотпарастӣ ба ҳадде расидааст, ки пеши роҳи онро бояд гирифт. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд ба омӯхтани илму дониш рӯ оранд ва ниҳоят ҳушёру зирак бошанд, то ба доми чунин ашхоси хурофотпараст наафтанд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода оид ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои номатлуб ба зеҳни ҷавонон, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди давлат ва нигоҳдории амнияти мамлакат, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҳозирин андешаҳояшонро баён намуданд.