Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар маҷаллаи бонуфузи Озарбойҷон – «Аzeri Observer» тарғиб гардиданд

Моҳи майи соли 2024 дар шумораи навбатии маҷаллаи бонуфузи англисизабони Ҷумҳурии Озарбойҷон – «Аzeri Observer» оид ба ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим таҳти унвони «Тоҷикистон: ташаккули обҳо ва иктишофи ганҷҳо» мақола ба табъ расид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ба туфайли ташаббусҳои стратегӣ ва иқдоми худ дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рафъи оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомали Раҳмон амалӣ мегарданд, дар самти пешбурди барномаҳои глобалии вобаста ба об ва иқлим мавқеи пешсафиро соҳиб шудааст.

Дар мақола ҳамзамон дар бораи имконияти сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри рушди соҳаи туризм ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал дода шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE