Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Мурғоб шинос гардид

Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти дорои таъйиноти гуногун бо маром идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.

Аъзои гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳия, аз ҷумла бо рафти сохтмони биноҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ, Боғи 35 – солагии Истиқлолият, Маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи «Бабри барфӣ» ва гармхонаҳо шинос гардида, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.

Ҳангоми суҳбат оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати суръатбахшии рафти корҳои сохтмонӣ ва сифати он ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Инчунин гурӯҳи корӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳия вохурӣ намуда, онҳоро даъват намуданд, ки дар корҳои созандагию ободонӣ, таҳкими амният саҳмгузор бошанд ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.

Таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Мурғоб бо шарофати дастгириҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию ободонӣ идома дошта, як қатор иншооти ҷашнӣ сохта, ба исгифода дода шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE