Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон «Корхонаи металлургии тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон “Корхонаи металлургии тоҷик” — ро ифтитоҳ намуда, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Иншооти нави саноатӣ дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Узбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст.

Хатҳои истеҳсолии корхона аз насли нави давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон наздики 130 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон ҷавонони соҳибтахассус мебошанд, бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нави саноатиро омили муҳимму қадами устувор дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар маънидод карданд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба корхонаи нави саноатӣ аз дохили кишвар дастрас мегардад ва тибқи нақша ҳаҷми истеҳсолот дар як сол 15 миллион долларро ташкил менамояд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми “Корхонаи металлургии тоҷик” муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи саноатӣ дар шаҳри Гулистон охирҳои соли 2024 оғоз шуда, дар соли 2025 ба кор андохта мешавад.

Баъди ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи дуюми корхона дар баробари прут ва арматура ҳамчунин истеҳсоли дигар намуди таҷҳизот аз оҳан мувофиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шуда, зарфияти истеҳсолии “Корхонаи металлургии тоҷик” дар як сол то ба 50 ҳазор тонна маҳсулот расонида хоҳад шуд. Дар марҳилаи дуюм 130 ҷойи дигари корӣ таъсис хоҳад ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои иҷрои босифати коҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида фаъол сохтани марҳилаи дуюми корхона дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд наздики 50 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо бо истифода аз имконоту зарфиятҳои мавҷуда аксаран истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 11 корхонаи истеҳсоли арматура фаъолият дорад ва ин корхонаи навтаъсис калонтарин ба ҳисоб меравад.

Дар як шабонарӯз дар корхона 100 тонна оҳанпора коркард мешавад. Маоши миёнаи коргарон 4500 сомониро ташкил медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE