Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад

Шоми гузашта дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд, ки он то фардо – 18-уми октябр идома меёбанд. Дар маросими ифтитоҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар майдони 800-солагии Москва пешниҳоди тамошобинон гардонида шуда, ҳамчунин барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳии, Рӯзҳои фарҳангии Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Вазорати фарҳангӣ ҳарду кишвар, санъаткорон, нафарони касбу кори гуногун ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Нахуст шуда дар маросими ифтитоҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хурокҳои миллии қатариҳо ба намоиш гузошта шуд, ки тамошобинон аз он дидан намуданд.

Зимни маросими ифтитоҳӣ, намояндаи Давлати Қатар, Алии Ҷавод Ал-Кавоҷа доир ба фарҳанги Қатар аз ҷумла дар бораи либоси миллии қатариҳо маълумоти муфассал дод.
Ин либоси қадимӣ ва ҳозираи Давлати Қатар мебошад. Ин либосро мардуми Қатар дар рӯзи туйу ҷашнҳо ба бар мекунанд. Ҳамчунин дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон пушидани ин либос барои қатариҳо як анъана мебошад.” – гуфт Ҷавод Ал-Кавоҷа.
Дар идомаи сӯҳбат Ҷавод Ал-Кавоҷа аз он, ки Тоҷикистонро қаблан чӣ тавр тасаввур мекарду, аз аввалин омадан ба Тоҷикистон чӣ таасурот дорад, чунин нақл кард. “Пеш аз ҳама барои меҳмондории олӣ ба мардуми тоҷик ташшакур мегӯям. Аввалин маротиба аст, ки ба Тоҷикистон меоям ва аз омадан ба инҷо ба ҳайрат омадам. Аз зебогии Тоҷикистон ва обу ҳавои он дар тааҷқб мондам”- иброз дошт, Ҷавод Ал-Кавоҷа.

Изатулло Сафарзода директори Театри давлатӣ-ҷумҳуриявии “Лухтак”-и шаҳри Душанбе бар он назар аст, ки бояд аз чунин фурсатҳо истифода бурда, робитаҳои худро бо Давлати Қатар мустаҳкам созем. Ба андешаи ӯ фарҳангу ҳунар беш аз ҳама мардумони ду кишварро ба ҳам наздик месозад.

Пас аз намоиши фарҳанги мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Қатар чорабинии фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанги Қатар оҳангу сурудҳои миллӣ иҷро гардиданд, ки аз ҷониби тамошобинон хуб қабул гардид.

Сипас аз ҷониби ҷамъомадагон аз ҳунарнамоии Мансур Ал-Муҳаннадӣ ба сайри ҳунарии аслии Қатар ошно гардиданд, ҳамчунин ба ҳунармандон Умар Бу Сақр, Аҳамад Абдураҳим, Мансур ал-Муҳаннадӣ ва гурӯҳи навозандагон ҳамроҳӣ карданд.

Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии мардуми тоҷик бо ҳунару фарҳанги Қатар баргузор гашта, баҳри таҳкими робитаҳо ва табодули фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE