Оилаҳои зарардидаи деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби хонаҳои нав шуданд

15 оилаи деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ, ки хонаҳояшон бар асари омадани сел хароб шуда буд, соҳиби хонаҳои нав гардиданд.
18 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаи Искодар калиди хонаҳои истиқоматиро супорид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони зарардида дар муддати кӯтоҳ 15 хонаи истиқоматӣ бунёд гардида, бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин карда шуд.
Ҳар як манзили истиқоматӣ дорои долон, меҳмонхона, хонаи хоб, хонаи кӯдакон, ошхона мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини сокинон бо манзил тадбирҳои зарурӣ андешида, оилаҳои зарардидаро доимо дастгирӣ менамояд.
Сокинон аз бунёди хонаҳои истиқоматӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли равон бар асари омадани сел дар деҳаи Искодар манзили зисти шаҳрвандон вайрон гардида буд. Аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ раванди бартарафкунии оқибати он ва таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои нав таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, барои 15 оила сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ гардида буд. Он шабу рӯзҳо кӯмакҳои Президенти мамлакат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, арматура, хишти пухта, қуму шағал ва маводи хӯрока низ ба сокинон дастрас гардид. Ҳамакнун 15 оила соҳиби хонаҳои нав шуда, ба зиндагии худ идома медиҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE