Дар Остона Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Конфронси 23-юми вазирони кишварҳои аъзои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сухан гуфт, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Далер Ҷумъа дар ҷаласаи пленарии конфронс таҳти унвони «Декарбонизатсия ва мусоидат ба амнияти энергетикии минтақавӣ дар минтақаи CAREC» иброз дошт, ки «Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, то имрӯз ду агрегати он ба истифода дода шудааст».

Таъкид гардид, ки афзоиши ҳиссаи энергияи барқароршаванда, ба монанди гидроэнергетика ба коҳиши партовҳои карбон ва таъсири экологӣ мусоидат намуда, аҳамияти он дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ хеле муҳим дониста мешавад.

Дар конфронс инчунин масъалаҳои марбут ба рушди устувори давлатҳои аъзои Барномаи CAREC, ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE