Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб таҳти унвони “Ҳадя ба модар” доир гардида истодааст
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни фархундаи Рӯзи модар, имрӯз аз соати 10.00 дар шаҳри Душанбе, назди бинои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи калони намоиш-фурӯши китоби нашриётҳо таҳти унвони “Ҳадя ба модар” доир гардидаистодааст. Ин намоиш-фурӯши китоб то соати 16:00 идома меёбад. Дар ин бора ҳамкорамон Сайёҳат Содиқова иттилоъ медиҳад.
Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии Вазорат, ки дар васфи зан-модар ва мавзӯъҳои дигари бадеӣ, сиёсӣ ва таърихӣ чоп шудаанд, бо сифати баланд ва нархҳои дастрас барои аҳолӣ пешкаш гардидаистодааст.