Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати ҷашни Наврузи бостонӣ ва фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикот анҷом доданд.Дар ин зимн Пешвои миллат ба муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд. Президенти Тоҷикистон бо ибрози қаноатмандӣ аз ҷараёни имрӯзаи рушду тавсеаи робитаҳои ду кишвар, аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид карданд.Дар ин замина натиҷаҳои сафари начандон деринаи Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки татбиқи ҳамаҷонибаи онҳо ба ҳаллу фасли фарогири масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои мо мусоидати муассир хоҳад кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE