Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Пирях — манбаи оби ширин» озмун доир шуд
Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) таҳти унвони «Пирях — манбаи оби ширин» озмуни шаҳрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, озмун аз рӯи шатрҳои беҳтарин видеоролик, кори меъмории беҳтарин ва расми беҳтарин доир шуд. Дар ҷамъбасти он беҳтарин иштирокчиён бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Иброз гардид, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул намуд.
Пиряхҳо дар ҷаҳон 75 фоизи захираи асосии оби тозаро ташкил медиҳанд. Бо таъсири тағйирёбии иқлим солҳои охир пиряхҳо босуръат коҳиш меёбанд, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд