Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки тахти раëсати Файзали Идизода- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  мавриди барасии вакилон қарор гирифт.

Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода дар иҷлосия ҳамзамон “Созишнома оид ба маблағгузорӣ (кумаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии Рушд” ва “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул карда шуд.

Масъалаи рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Насреддин,  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аъзои кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон  муаррифӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE