Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар иртибот ба ҷашни Рӯзи истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла навишта шудааст:

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Лутфан табрикоти самимиамро ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Кишвари Шумо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфта, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯю эътибори шоиста бархурдор гардидааст.

Равобити Русия ва Тоҷикистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ муваффақона рушд мекунанд. Давлатҳои мо дар самтҳои гуногун ҳамкории босамар доранд, талошҳои худро дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба  ҳамоҳанг месозанд.

Итминон дорам, ки мо минбаъд низ робитаҳои созандаи дуҷонибаамонро ба нафъи ду мардуми дӯст, ба манфиати таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ  ҳамаҷониба тақвият хоҳем бахшид.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил ва комёбӣ, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ хоҳонам».

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

*****

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 34-умин солгарди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти хешро иброз менамоям.

Имрӯз таҳти роҳбарии Шумо “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикикстон барои давраи то соли 2030” устуворона амалӣ мегардад ва дар роҳи инкишофи кишвар пайваста  комёбиҳои нави хушоянд ба даст меоянд. Ҷониби Чин, ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷониба  дар даврони нави Тоҷикистон, аз ин дастовардҳо хушҳол аст. 

Шурӯъ аз оғози соли равон мо бо Шумо ду маротиба мулоқоти муваффақона анҷом дода, дар робита ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Чину Тоҷикистон ба мувофиқаҳои муҳим даст ёфтем ва нақшаи нави тавсеаи муносибатҳои Чину Тоҷикистонро тарҳрезӣ кардем. Чин омода аст, ки  бо талошҳои якҷоя бо Тоҷикистон эътимоди сиёсии мутақобиларо пайваста амиқ гардонида, дастгирии ҳамдигариро идома диҳад ва ҳамбастагии роҳбурдҳои рушди кишварҳоямонро тақвият бахшад, “Як камарбанд, Як роҳ”-ро дар сатҳи сифатан баланд бунёд намуда, ҳамчунин, эҷоди ҷомеаи сарнавишти муштараки Чину Тоҷикистонро амиқ ва мушаххас созад. 

 Ба Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ ва саодатмандиву беҳбудӣ орзумандам!»

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

*****

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Аз номи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ман Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди соҳибистиқлолиатон табрик менамоям. Ин руйдод ҷиҳати таҷлили таъриху фарҳанги ғанӣ ва дастовардҳои миллати бузурги Шумо як фурсати махсус аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарикии бо Тоҷикистон доштаашро қадр мекунад ва нақши муҳимеро, ки кишвари Шумо дар таҳкими суботи минтақавӣ ва бунёди ояндаи амнтару шукуфон барои кишварҳои мо мебозад, эътироф менамояд. Ҳамроҳ, мо метавонем ба таҳкими заминаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни миллатҳоямон, аз ҷумла дар соҳаҳои мубориза бо терроризм ва истихроҷи маъданҳои муҳим идома диҳем.

Дар ҳоле ки Шумо аз ин рӯзи муҳим ҷашн мегиред, лутфан бидонед, ки мардуми Амрико ва ман бо Шумо дар таҷлили пешрафт ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳамроҳ ҳастем. Ба Шумо ва шаҳрвандони давлати Шумо суботи пойдор, шукуфоии иқтисодӣ ва комёбиҳои бардавом орзумандам».

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол аз самими қалб табрику таҳният мегӯям!

Ин ҷашн, ки Ваҳдати миллӣ ва ватандустии воқеии мардуми тоҷикро ифода мекунад, бахусус барои ҳамватанони Шумо боиси шодмонӣ аст. Тоҷикистон ин санаи фархундаро дар мақоми давлате таҷлил мекунад, ки дорои рушди босуръат ва обрӯю эътибори  шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Комёбиҳои барҷастаи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо номи Шумо зич пайванданд. Таҳти роҳбарии хирадмандона ва бонуфузи Шумо мардум душвориҳои солҳои аввали Истиқлолро паси сар карда, давлатдории худро таҳким бахшид ва барои дастовардҳои оянда заминаи устувор гузошт.

Сиёсати созандаи Шумо, ки ба пуштибонии қавии мардум асос ёфтааст, ба пешрафти дилпуронаи Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Қазоқистон ва Тоҷикистон дар асоси манфиатҳои бунёдии мардумони мо, бо такя ба анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҳақиқӣ бунёд кардаанд.

Итминон дорам, ки кори муштараки мо минбаъд низ ба татбиқи иқтидори бузурги ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин рӯзи тантанавӣ ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ дар роҳи беҳбудӣ ва шукуфоии Тоҷикистони бародар комёбиҳои навин орзу дорам».

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо камоли мамнуният ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон таманниёти беҳтарини худро ба муносибати ҷашни милии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол мерасонам.

Пас аз он ки Тоҷикистон ба истиқлол даст ёфт, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар кишвар ислоҳоти куллии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба амал бароварда шуд, корҳои бузурги созандагӣ анҷом ёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар натиҷаҳои баланд дастёб гардиданд.

Мо ҳамчун мардуми бародар аз рушду инкишофи босуръати мамлакати Шумо, комёбиҳои дурахшони он дар арсаи ҷаҳонӣ ва афзоиши обрӯю эътибори байналмилалии он беандоза шодем.

Бар ин боварам, ки риштаҳои чандинасраи дӯстии мардумони мо минбаъд низ таҳким ёфта, муносибатҳои шарикиии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ки ба усулҳои анъанавии ҳамсоягии нек ва дастгриии ҳамдигар асос ёфтаанд, беш аз пеш рушд хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳои нав, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти афзоянда хоҳонам».

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ва мардуми бародари тоҷикро аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам табрик мегӯям.

Тули солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, беҳбуди некуаҳволии аҳолӣ ва тақвияти обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Итминони комил дорам, ки ҳамкории кишварҳои мо, ки ба эътимоди ҳамдигарӣ, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, минбаъд низ ба манфиати ояндаи дурахшони мардумонамон таҳким хоҳад ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо сиҳатмандии комил, беҳбудӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу рушд хоҳонам».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

 Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин, шахсан аз номи худам, шарафёбам ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон табрикоти сидқӣ ва таманниёти беҳтаринро бирасонам.

Боиси хушҳолӣ аст, ки тайи солҳои охир некуаҳволии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон беҳбуд ёфта, нақши он дар ҳалли мушкилоти мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ба таври фаъол афзоиш меёбад.

Омодагии инҷонибро барои идомаи саъю талошҳои  зарурӣ ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон таъкид мекунам.

Бо истифода аз ин фурсати хушоянд, ба Шумо аз самими қалб саломатӣ, саодатмандӣ ва беҳбудӣ, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии бардавом орзумандам».

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов

*****

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти самимонаи инҷонибро ба муносибати фарорасии 34-умин солгарди Истиқлоли кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед.

Робитаҳои бародарона, фарҳангӣ ва таърихии ду миллат Эрон ва Тоҷикистон пуштувонае арзишманд барои ҳамкориҳои васеътар дар арсаҳои мухталиф аст. Бовар дорам, ки дар партави иродаи муштараки ду кишвар, муносиботи дӯстона дар масири тавсеа ва таъмиқи рӯзафзун қарор хоҳад гирифт ва беш аз пеш шоҳиди густариши робитаҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобил хоҳем буд.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва рушду боландагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

*****

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Ман ва ҳамсарам бо камоли мамнуният табрикоти самимии худамонро ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ  иброз медорем.

Ман бисёр хушҳолам, ки кишварҳои мо робитаҳои қавӣ доранд ва умедворам, ки дӯстии мо боз ҳам бештар таҳким меёбад.

Орзую умеди ман ин аст, ки кишварҳои мо тавонанд дар якҷоягӣ барои расонидани таъсири мусбат ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, ки ба ҳамаи мо дар ҷаҳон асар мерасонанд, ҳамкорӣ намоянд.

Ман ва ҳамсарам бо камоли хушнудӣ беҳтарин таманниёти худро ба Шумо ва ба тамоми мардуми тоҷик дар соли пешомад иброз менамоем».

Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III

*****

«Ҷаноби Оли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо камоли хушҳолӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки худро бо таманниёти саодатмандӣ ба Шумо ва шукуфоии мардуми кишваратон мефиристам».

Императори Ҷопон Наруҳито

*****

«Бародари азиз,

Ҷанобн Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Худо ҳифзашон кунад

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Бо камоли хушнудӣ Ҷаноби Олиро ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон беҳтарин таманниёти саломатию саодатмандӣ ва барои ҳукумату мардуми шарифи Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии беш аз пешро орзу дорем».

Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд

*****

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан, табрикоти самимонаи моро ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Тайи давраи сипаришуда Тоҷикистон дар роҳи такмил ва азнавсозии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ, муаррифии нақши хоссаи кишвар ба ҳайси ташаббускори иқдомоти глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва таҳкими обрӯйи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои барҷаста ноил гардид.

Ба туфайли сиёсати ҳадафмандона ва пайгиронаи Шумо модели ваҳдат ва ризоияти миллии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо қарор гирифт. Дар заминаи он Тоҷикистон муносибатҳои ҳусни ҳамсоягӣ ва дӯстиро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ менамояд, ки бар усулҳои баробарҳуқуқӣ, судмандии мутақобила ва эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтаанд.

Аз Шумо барои таваҷҷуҳи доимӣ ва алоқамандона ба фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, саҳми бузурги шахсии Шумо дар тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба дар паҳнои Созмон сидқан сипосгузорем.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ба Шумо сиҳатмандии комилу беҳбудӣ ва комёбиҳои нав бар манфиати Тоҷикистон мехоҳам».

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев

*****

Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ворид гардиданд.

Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE