Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд

Шоми 2 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар  барномаи рангини консертӣ  таронаю оҳанг ва рақсҳои миллии ин мамлакат пешниҳод карда шуд.

Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ иброз гардид, ки он ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои ду мамлакат, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад.

4 декабр дар Театри мусиқӣ–мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барномаи ҳайати ҳунарии Чин баргузор мегардад.

Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарсҳои маҳорат доир менамояд. Дар назар аст, ки меҳмонон Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ва майдони «Истиқлол»-ро тамошо намоянд.

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE