Омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб

Дар ноҳияи Варзоб омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд идома дошта, аз 158 банди нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳалӣ, дар соли 2025 -110 банди он иҷро гардида, дар 48 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром пеш мераванд.

Ба маълумоти Бобоназар Раҷабзода – муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб, дар заминаи эълон гардидани соли 2026   «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар қаламрави ноҳия сохмони иншооти ҷашнӣ ва корҳои созандагӣ имрӯзҳо бо маром идома доранд.

Ба гуфтаи масъулин нақшаи чорабиниҳои ҷашнии ноҳияи Варзоб дар асоси талаботи аҳолӣ дар маҳал ва дар пайи омӯзиши комиссияи мақомот таҳия гардида, аз ҷониби Маҷлиси вакилони ноҳия тасдиқ ёфтааст.

Рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Варзоб зери назорати комисияи мақомот ва мутахассисони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ қарор дошта, мутобиқ ба талаботҳои техникию меъморӣ иншооти нав бунёд меёбанд.

Т.Сатторов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE