Моҳи ноябр Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ — имконияти рушд» баргузор мешавад

Нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон байни донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ-имконияти рушд» баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад Агентии инноватсия ва ва технологияҳои рақамиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ-имконияти рушд» бо мақсади иҷрои банди 36-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мегардад.

Агентии инноватсия ва ва технологияҳои рақамиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти алоқа, Академияи миллии илмҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД «Шаҳри ҳушманд» ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани ин озмун вазифадор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 24 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ-имконияти рушд» дарёфти беҳтарин мутахассисон дар ин самт, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба ин соҳа, рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар мамлакат мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE