ДДОТ: дар SCOPUS ба қайд гирифта шуда 26 рисолаи илмиро дифоъ намуд

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим ва илм ноил гардид.
Тавре ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иттилоъ дод, айни замон дар донишгоҳ 17 ҳазору 902 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, таълим аз рӯйи 93 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра 26 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 8 рисолаи докторӣ дифоъ гардида, 37 монография ва 33 китоби дарсӣ ба нашр расид. Ҳамчунин, донишгоҳ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуда, барои иштирок дар раддабандиҳои ҷаҳонии QS ва Times Higher Education корҳои омодагӣ идома доранд.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE