Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 10 ихтисоси нав таъсис дода шуд

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар соли таҳсили ҷорӣ 10 ихтисоси нави замонавӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Қудратулло Давлатзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ихтисосҳои нав дар доираи татбиқи сиёсати рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардида, самтҳои амнияти киберӣ, криптография, технологияҳои ҳушманд, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, саноати сабук, саноати дорусозӣ, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва хизматрасонии техникиро дар бар мегиранд.

Масъулини донишгоҳ таъкид намуданд, ки таъсиси ихтисосҳои мазкур барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE