11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст.Гулгашти Дуои модар дорои муҳити сабзу хуррам буда, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг, дарахтони сояафкан ва дигар навъҳои растаниҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Чароғонкунии гулгашт низ ба симои он ҳусни тоза бахшида, шароити мусоидро барои сайругашт ва истироҳати сокинон фароҳам овардааст.Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст, ки ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин сарчашмаи меҳру муҳаббат — модар мебошад.
