31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншооти нави соҳаи маориф аз 5 қисм иборат буда, бунёди он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонони 3 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар дар шароити муосир ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар фаро гирифта шаванд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 аз 130 синфхона ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат аст, ки аз ин, дар 10 синфхона хонандагон ба омӯзиши фанҳои физика, химия, биология, информатика, забонҳои хориҷӣ, мусиқӣ, тайёрии ҳарбӣ ва таълими меҳнат фаро гирифта мешаванд. Тадбирандешиҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки барои омӯзиши илмҳои дақиқ ва татбиқи намунавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар пойтахти кишвар шароити намунавӣ таъмин гардад.

