ЭЪЛОН…
ЭЪЛОН
Ба диққати дӯстдорони китоб расонида мешавад, ки Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи китоб» санаи 4 сентябри соли 2026 «Дарҳои боз»-ро бо мақсади баланд бардоштани маънавияти кӯдакону наврасон, ҷалби онҳо ба мутолиаи китоб ва ба ин васила дар замири онҳо зиёд намудани меҳру муҳаббат ба ин сарзамини аҷдодӣ ва садоқат ба Ватану миллат эълон менамояд.
Дар рӯзи мазкур иштирокдоронро чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон, викторинаҳои хонандагон ва намоиши театркунонидашуда интизор хоҳанд буд.
Нишонии мо: шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, хиёбони Рӯдакӣ, 36.
Телефонҳо барои тамос: 918 82 66 68 ва 904 96 88 33.
Иштирок дар чорабинӣ озод аст.

