Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд…
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
4 сентябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ мутахассисон, муҳандисон ва коргарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус аз маъмурияти неругоҳ иттилоъ доданд.
Мукофотҳои давлатӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони неругоҳ аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тақдим карда шуданд.

