15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.

​Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои мизбонии ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро барои пазируфта шудан ба узвияти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табрик гуфтанд.
Бо ёдоварӣ аз вазъи печидаву осебпазири байналмилалӣ, равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои амниятӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати фароҳам овардани заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдорро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва этимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳоро бахусус таъкид карданд.

15 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в городе Баку Азербайджанской Республики принял участие и выступил на седьмом Саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии (СВМДА).

Прежде всего Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон выразил признательность главе Азербайджанской Республики Ильхаму Алиеву за организацию саммита и теплое гостеприимство, а также поздравил Лаосскую Народно-Демократическую Республику с принятием в члены Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии.
Отметив текущую сложную и уязвимую международную ситуацию, тенденцию разрастания геополитической конкуренции, вооруженных конфликтов и угроз безопасности, Глава нашего государства уважаемый Эмомали Рахмон сделал акцент на важность создания прочных основ для обеспечения долгосрочного мира и стабильности на базе взаимопонимания и доверия, верховенства принципов международного права, а также мирного решения споров и разногласий.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #МҲТБО #СВМДА #CICA

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE