Имрӯз бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик чорабинии тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуда, доир ба нақши театр дар рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик суханронӣ намуд.
Зимни чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли соҳаи театр ва фарҳанг барои саҳми арзанда дар рушду пешрафти санъати миллӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ китоби «Театр дар оинаи Истиқлол»-и муаллифон Т. Бобоев ва М. Табарӣ муаррифӣ гардида, намоиши «Бобоҷон Ғафуров»-и Театри таҷрибавии тамошобини наврас ба номи М. Қосимов манзури ҳозирин гардонида шуд.

