Дар шаш моҳи аввали соли 2026 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Варзоб 103,4 фоиз иҷро шуд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Варзоб бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,4 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 43,08 млн сомонӣ ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 1,43 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Домонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 37,4 млн сомонӣ ворид шуд ,аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ ба ноҳияи Варзоб 28,07 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардидааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

Читать далее

ДДТТ бо 13 созишномаи нави байналмилалӣ ҳамкориро густариш дод

ДДТТ бо 13 созишномаи нави байналмилалӣ ҳамкориро густариш дод
Дар шашмоҳаи аввали соли 2026 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 13 созишномаи нави байналмилалиро ба имзо расонида, шумораи умумии шарикони хориҷии худро ба беш аз 60 муассисаи таҳсилоти олӣ расонд.

Тавре имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло иттилоъ дод, ДДТТ ба узвияти Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуда, 27 нафар омӯзгорону кормандон дар доираи барномаҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар сафар карданд.
Ҳамчунин, як қатор донишҷӯёни донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея ва Шоҳигарии Испания роҳхат гирифтанд.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

Читать далее

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 10 ихтисоси нав таъсис дода шуд

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 10 ихтисоси нав таъсис дода шуд

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар соли таҳсили ҷорӣ 10 ихтисоси нави замонавӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Қудратулло Давлатзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ихтисосҳои нав дар доираи татбиқи сиёсати рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардида, самтҳои амнияти киберӣ, криптография, технологияҳои ҳушманд, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, саноати сабук, саноати дорусозӣ, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва хизматрасонии техникиро дар бар мегиранд.

Масъулини донишгоҳ таъкид намуданд, ки таъсиси ихтисосҳои мазкур барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

Читать далее

Дар ХТТ «Ҳисор» 10 ҳазор бехпайванди нок шинонида шуд

Дар ХТТ «Ҳисор» 10 ҳазор бехпайванди нок шинонида шуд

Дар Парки технологии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар майдони 2 гектар боғи интенсивӣ ва 0,5 гектар боғи модарӣ корҳои агротехникӣ, шаклдиҳӣ ва ғизодиҳии дарахтон анҷом дода шуданд. Дар ин бора имрӯз ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар Хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» 10 ҳазор бехпайванди ноки навъи ВА-29 шинонида шуда, парвариши себи навъи М9 ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, 4500 бех қаламчаи себи М9 омода гардидааст, ки барои васеъ намудани боғҳои интенсивӣ истифода хоҳад шуд.
Муқаддас Машрабён
Садои Душанбе

Читать далее

Ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Ҳаким Майсарӣ:

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ҶДММ «Тибби Ҳаким Майсарӣ» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Ҳаким Майсарӣ: табиби некдон, шоири мумтоз ва тоҷики асил» баргузор гардид.
Ҳамоиш ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи Ҳаким Майсарӣ – табиби ҳозиқ, шоири мумтоз ва яке аз фарзонагони миллати тоҷик, доир карда шуд.
Ҳамоишро директори ҶДММ Тиббӣ “Ҳаким Майсарӣ” Шукрона Алиева ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷилди якуми китоби “Забони миллат Ҳастии миллат” аз “Донишнома”-и Ҳаким Майсарӣ ёдовар шуда, саҳми “Донишнома”-и табиб Майсариро дар қатори дигар сарчашмаҳои хаттӣ “дар ташаккули забони илм ва танзими истилоҳоти тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) то ба имрӯз арзишманд тафсир намудааст.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

Читать далее

Дар ДДТТ 456 нафар ба таҳсил ва ба фаъолияти илмӣ фаро гирифта шуд

Дар нимсолаи якуми соли 2026 олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро фаъолона ба роҳ мондаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Муҷиддин Нуриддин иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 8 лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи 24 мавзӯи илмии кафедраҳо идома доранд. Ҳамчунин, як лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар донишгоҳ 456 нафар ба таҳсил ва фаъолияти илмӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

Читать далее
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE