Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони шабакаҳои телевизиону радиои давлатӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Махфират Хидирзода суханронӣ намуда, дар бораи нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди давлатдорӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки таҷлили ин санаи муҳим ба таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва эҳтиром ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мусоидат менамояд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш муҳаррири варзидаи шабакаи радиои «Фарҳанг» Бахтиёр Раҳмониён аз ашъори эҷоднамудаи худ қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

