Сайид Иброҳим Раисӣ ва Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот карданд
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Теҳрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо зарурати истифодаи имконот ва зарфияти мавҷударо барои тавсеаи равобити тиҷоативу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон таъкид карданд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимона зимни сафари расмиаш ба кишвари мо дар моҳи гузашта изҳори сипос намуд.