Вазири Қатар ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро мусбат арзёбӣ намуд

Масъалаҳои таҳия ва имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар зимни мулоқоти  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар доктор Фалеҳ Носир Ал Танӣ, ки дар доираи Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазго доир гардид, баррасӣ шуданд.

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ки мусоҳибон зимни баррасии  масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои муҳити зисти ҳарду давлат ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва ин иқдом аз ҷониби давлати Қатар мусбат арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи марбут  ба тавсеа ва рушди ҳамкорӣ миёни  Тоҷикистон ва Қатар  дар соҳаи туризми экологӣ матраҳ гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE