Навиди хуш аз Тошканд: Акмалиддин Каримов чемпиони ҷаҳони самбо (58-кг) дар соли 2021
Шоми имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон рақобатҳои даври ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳони самбо сурат гирифт, ки дар он ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ва Акмалиддин Каримов дар вазни 58-кг вориди майдон гардиданд. Нахуст дидори Акмалиддин Каримов ва рақиби ӯ Хертек Саян аз Федератсияи Россия оғоз гардид. Набарди паҳлавонон то охирин сонияи вақти муайяншуда ҷараёни гирифт ва билохира ба паҳлавони тоҷик имкон даст дод, ки дар 5-сонияи охири набардаш рақиби русро ба пушт партофта баъд аз чанд соли интизорӣ унвони қаҳрамониро дар риштаи самбо ба даст орад. Хотирасон мешавем, ки Акмалиддин Каримов то ин марҳила Чарлз Тайрон аз кишвари Тринадо Тобагоро дар даври аввал, Ёсир Боҳусейн аз Мароккоро дар даври дуюм Булатбек Раимқулови қазоқро дар даври ниманиҳоӣ аз пеши роҳаш дур карда ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ роҳ ёфт. Унвони қаҳрамониро ба даст овардан барои Акмалиддин Каримов орзӯи деринааш буд, ки ҳамакнун ба арафаи 30-юмин солгарди истиқлоли кишвар рост мебояд. Варзишгари дигари номии тоҷик Хушқадам Хусравов, ки дар соли 2018 қаҳрамони ҷаҳон гардида буд, аз рақиби қазоқи худ шикаст хурда ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионати ҷаҳони самбо дар соли 2021 гардид.
Шодонҷон Султонов
Садои Душанбе