Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян
17 ноябри соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Арманистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян баргузор гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ҳамчун Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ дод.
Зимни суҳбат Пешвои миллат даъват намуданд, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя карда, ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл намоянд.