Дар вилояти Хатлон Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ доир гардид
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ дар мамлакат нақш ва мавқеи хосса дорад, бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, роҳнамоии шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат бояд пайваста талош варзад. Зеро мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг буда, ҳизби мо бояд дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи зеҳнии халқ такя намояд. Ин матлабро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни баргузории Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баён намуд.
Дар конференсия оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (аз январи соли 2023 то сентябри соли 2024), ҳисоботи комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни конференсия аъзои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон