Кӯлоб: Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Мусобиқаи мазкур ба таври гурӯҳӣ идома ёфта, дар он аз 4 минтақаи ҷумҳурӣ дастаҳо ширкат варзиданд. Дар рӯзи охири мусобиқа дастаи шаҳри Душанбе бо дастаи Хатлон-1 аз шаҳри Бохтар вориди  рақобат шуданд, ки ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 бар нафъи дастаи Душанбе ба анҷом расид.

Дар бозии охирини мусобиқа дастаҳои Хатлон-2 минтақаи Кӯлоб ва дастаи ШНТМ байни ҳам сабқат  намуданд. Барои дастаи Хатлон-2 минтақаи Кӯлоб зарур буд, ки дар ин рақобат  бо таносуби 4 гол бар рақиб ғолиб омада, сазовори ҷойи якум шавад. Лаҳзаҳои голзанӣ барои ҳарду даста зиёд буд, вале дастаи Хатлон-2 дар ин бозӣ танҳо 3 гол ба дарвозаи рақиб ворид намуд ва бо таносуби голҳо дастаи Душанбе мақоми аввалро соҳиб гардид.

Пас аз хотимаи рақобатҳо ба дастаҳо Ҷом, медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат тақдим карда шуд. Инчунин дар ин мусобиқа дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва беҳтарин ҷавгонбози ҷавони мусобиқа муайян карда шуда, бо туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.                

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE