🇹🇯 Варзишгари ҷавони тоҷик Шаҳром Маҳмуродов барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу гардид

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наварсон дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор гардида, дар он 1 400 варзишгар аз 54 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 62 кг пас аз ҳашт муборизаи шадид дар ду категория тавонист медали тилло ба даст оварда, бори чорум қаҳрамони ҷаҳон гардад. Ӯ аввалин варзишгари тоҷикест, ки аввалин шуда, дар намуди «Ne Waza» ба ин дастовард ноил шавад.

Манбаъ: VarzishTV

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE