Сафари мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Тайланд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25 то 30 июл баргузор мешавад, ба шаҳри Бангкоки Тайланд сафар кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон якҷоя бо 14 бозингар ба Тайланд рафт. Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи А дастаҳои мунтахаби Таиланд, Ӯзбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд. Тибқи дастури мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021», аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ду даста ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфта наметавонанд, дар бозиҳои такрорӣ барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021»:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов;
Бозингарон: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода, Бахтиёр Солиев «.
Сармураббӣ — Пайрав Воҳидов.