Даргузашти рӯзноманигори маъруфи радиову телевизион Ҳокими Азиз
Ҳокимбек Ҳомидов, маъруф ба Ҳокими Азиз, журналисти шинохтаи тоҷик, муаллифи маъруфтарин барномаи радиоии солҳои 80-ум “Дар суҳбати адиб” ва барномаи бемисли солҳои 90-ум “Суҳбати мардона” дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
Марҳум солҳои охир бемор буд ва дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Ӯ замоне аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Чӣ дар радио ва чӣ дар телевизион дар таҳияи беҳтарин барномаҳо бо диди тозаву мавзӯъҳои ҷолиб саҳм дошт. Ҳоло ҳам силсилабарномаҳои телевизионии вай, аз ҷумла барномаи пурбинандаи “Суҳбати мардона” дар ёду хотири бинандаҳо нақш бастааст. Чун мусоҳибонаш дар ин барнома мисли зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ шахсиятҳои варзидаву шинохта буданд. Аммо солҳои охир бо сабаби беморӣ аз кори журналистӣ канор рафт.
Ҳокими Азиз хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДДМТ) аст, ки аз соли 1986 дар Радиои Тоҷик фаъолияташро шурўъ намуда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драмавӣ гуфторҳои ҷолиб хидмати шунавандагон гузоштааст.
Аз соли 1997 ба телевизиони тоҷик гузашта, чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ босамар хидмат ба ҷой овардааст.
Ҳокими Азиз муалифи барномаи «Сўҳбати мардона» (1997-2000) буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт. Фаъолияти минбаъдааш ба матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ вобаста аст. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи кишвар кор карда, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад.